Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии ҷавонони Узбекистон иштирок мекунанд

Июнь 25, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 июн то 1 июли соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 нафар иштирок мекунанд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок ва муаррифии сиёсати давлатии ҷавонон дар форум ҳайати 61 — нафараи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи автобусҳои муосиру муҷаҳҳаз ба самти Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон давоми ҳафт рӯз доир гардида, дар он ҷавонон аз 100 давлати ҷаҳон ҷамъ меоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид