Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад

Июнь 13, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Беларус тасмим гирифтааст, ки аз таҷрибаи геологҳои тоҷик, хусусан дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонии соҳа истифода барад. Дар ин хусус зимни вохӯрии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Сергей Масляк иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи геология.

Мулоқот дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин, аз ҷумла дар таҳияи асоснокунии иқтисодӣ-техникӣ оид ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ташкил ва гузаронидани корҳои аксбардорию топографӣ барои сохтани харитаҳои геологии насли нав, имконияти омӯзиш ва табодули таҷрибаи кормандон, истифодаи таҷҳизоти геологӣ-геофизикӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардид.

Сардори Саридора дар бораи фаъолият, базаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, шароити корӣ, барномаҳои соҳавӣ, имконияти ба роҳ мондани ҳамкории муштарак ибрози ақида намуд.

Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Сергей Масляк аз дастовардҳои мақомоти геологияи тоҷик, пеш аз ҳама, рақамикунонии соҳа изҳори хушнудӣ карда, барои истифодаи таҷрибаи геологҳои тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо расонанд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд