Дар Берлин дар мавзуи назми тоҷик ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин дар ҳамкорӣ бо Бунёди фарҳангии шаҳри Берлин дар намояндагии дипломатӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мулиён. Аз Зардушт то ба имрӯз» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он адибон, шарқшиносон ва ҳаводорони забону адабиёт ва фарҳанги тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуд.
Номбурда гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эълон намудани иди Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, таҷлили «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, далели талошҳои доимии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушду нумуи фарҳанги миллӣ мебошад.
Шарқшиноси маъруфи олмонӣ, профессор Удо Штайнбах, ки солҳои тӯлонӣ (1976-2006) роҳбарии Институти шарқшиносии Олмонро ба уҳда дошт, роҷеъ ба нақшу мақоми назми тоҷик аз замони Рудакӣ то даврони муосир маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Удо Штайнбах аз чопи китоби тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷику форс «Лирикаи форсӣ дар асри XXI» дар соли 2021 ёдовар шуд.
Сипас намунаҳо аз эҷодиёти шоирони классик ва муосири тоҷик бо забони олмонӣ ва тоҷикӣ садо доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






