Дар Душанбе бо намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони ваколатдори ин ниҳод ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарияти Маркази миллии тестӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз муҳимтарину намоёнтарин чорабинии ҳарсолаи соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ баррасии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ин имтиҳонҳо аст.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода муҳимтарин нуктаҳоро дар иртибот ба баргузории имтиҳонҳои мазкур ва дурусту бенуқсон роҳандозӣ кардани он барои намояндагони ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ бозгӯӣ ва таъкид кард.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода аз намояндагон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд, мусоидат дар ташкилу роҳандозии ҳадафмандонаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ изҳори сипос намуд.
Тазаккур дода шуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат барои шаффофу одилона ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор кардани ин имтиҳонҳо пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози андеша намуда, кормандони Марказро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






