РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим баргузор шуд

Июнь 10, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ин сеюмин Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим ба шумор меравад, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ҳадафи баргузории форум суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об то соли 2030 маҳсуб мешавад.

Изҳор карда шуд, ки Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим барои ҷавонон майдоне фароҳам меорад, то онҳо дар баҳсу ташаббусҳо барои ҳалли масъалаҳои об ва иқлим иштирок намоянд.

Дар ҳамоиш «Баррасии амали ҷавонон — Уҳдадориҳо ба амал» барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла марбут ба ҷалби ҷавонон аз ҷониби давлатҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷараёни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 тарҳрезӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд