Дар Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он 150 нафар соҳибкору сармоягузори Тоҷикистону Чин бо ҳайатҳои давлатӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи форуми мазкур санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаи бойгардонии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулуқ», таъмин ва насби конструксияҳои сатҳи байналмилалӣ дар сохтмони варзишгоҳи шаҳри Душанбе барои 3000 ҷой нишаст, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, ҷудо намудани маблағҳо барои дастрас кардани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металлургии « Талко Голд» ва дигар лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Форуми мазкур бо ташаббуси вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технолгияҳои нав ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баргузор шуд.


Зимни Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба доираи сармоягузорони чинӣ оид ба вазъи ҳамкории ду мамлакат, сармоягузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.
Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон мебошад ва саҳми Чин дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ хусусан саҳми сармояи мустақими хориҷӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани манбаъҳои даромади буҷети давлатӣ назаррас мебошад.
Феълан дар ҳудуди ҷумҳурӣ 600 ширкат бо сармояи оинномавии саҳми чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми сармояи чинӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад






