Дар Душанбе масъалаи таҳияи Стратегияи коммуникатсионӣ барои Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид

Июнь 20, 2024 13:37

ДУШАНБЕ,20.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доир ба таҳияи Стратегияи коммуникатсионӣ барои Неругоҳи барқи обии  «Роғун» бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»,  Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаҳои зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Директори Marchmont Communications доир ба аҳамият ва муҳиммияти коммуникатсия дар шароити имрӯза ибрози назар намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш  нақши коммуникатсияро дар бунёди иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун»  муҳим арзёбӣ намуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд