Дар ноҳияи Лахш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5468 гектар картошка кишт карда мешавад
ЛАХШ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ноҳияи Лахш кишти картошка бомаром идома дорад. Тибқи маълумоти фаврии шуъбаи кишоварзии ноҳия, ба ҳолати 28 майи имсол хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия дар 2738 гектар картошка, дар 1029 гектар зироати ғалладонагӣ ва лубиёгӣ, дар 40 гектар зироати техникӣ, дар 70 гектар сабзавот ва дар 422 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд. Инчунин дар ин давра боғпарварони ноҳия дар 21,5 гектар боғи нав бунёд намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.
Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли 2024 аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар 5468 гектар пурра картошка кишт намоянд.
Дар ноҳия ҳоло 1806 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд. Мувофиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ имсол дар майдони 6278 гектар гузаронидани кишти зироати кишоварзӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 3300 гектар кишти картошка мебошад.
Роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш Сорбон Пиров иттилоъ дод, ки дар ноҳия 6 канал бо дарозии 94 км мавҷуд аст. Барои таъмини 4488 гектар замини корам бо оби полезӣ ҳанӯз аз тирамоҳи соли 2023 корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ дар каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ ба тариқи ҳашари дастҷамъона ва техникаҳо оғоз гардида буд. Хушбахтона, барои омодагии мавсими таъмини оби полезӣ бо дастгирии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як техникаи махсусгардонида (экскаватор) ба ноҳия ворид карда шуд ва ҳоло канали Ғулама аз хоку санг сари вақт тоза карда шуда, барои таъмини оби полезӣ омода мебошад.
Сокинони ноҳияи Лахш имсол захираи пурраи тухмии картошка доранд. Танҳо дар сохтори кишоварзӣ 14 ҳазору 350 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки дар айни замон аз тухмии захирагардидаи картошка дар кишт истифода менамоянд.
Масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд, ки мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24” ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи “Сурхоб” мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд. Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва шарикони рушд ба миқдори 258 тонна тухмии картошка ба ноҳия ворид гардида, сари вақт тибқи тартиби муқарраргардида ба кишоварзони ноҳия дастрас карда шуд.
Муовини мудири филиали №11-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Лахш Фаррух Зокиров иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш то ин давра ба 161 нафар ба маблағи 4 миллиону 993 ҳазору 100 сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин 3 миллиону 689 ҳазор сомонӣ ба 114 кишоварз рост меояд.
Дар ноҳияи Лахш ҳоло 226 трактор ва 18 картошкашинонак омодаи кор мебошанд, ки онҳо барои вусъат бахшидан ба ҷараёни кишту кори саҳроӣ, бахусус картошка мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш 4463 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи ин заминҳо дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






