Дар Женева Конфронси ҷаҳонӣ оид ба бакорҷалбкунии байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 июн бо ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Женева Конфронси ҷаҳонӣ оид ба бакорҷалбкунии байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои дахлдори 60 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар конфронс масоили ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирати қонунӣ, кафолати ҳуқуқи муҳоҷирон ҳангоми бакорҷалбкунӣ, тақвияти фаъолияти Шабакаи ҷаҳонии сиёсати муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва эътирофи салоҳияти касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа намояндагони кишварҳои иштирокдор дарёфти бозорҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ, бакорҷалбкунии қонунии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, пешгирӣ аз савдои одамон, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти пешбурди сиёсати муҳоҷират муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






