Гурӯҳи кории Тоҷикистон дар шаҳри Москва бо ҳамватанон суҳбату вохӯриҳо доир намуд

Июнь 22, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 22.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагии вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозори «Садовод» фаъолияти соҳибкорӣ доранд, вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба вазъияти имрӯзаи олам, вазъи тоҷикони муқими Русия ва таваҷҷуҳи Ҳукумат ба вазъи онҳо изҳори назар намуданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Абдуҷаббор Азизӣ ҳозиринро ба дӯстӣ, муттаҳидӣ, рафтори шоиста, муносибатҳои неки ахлоқӣ ва риояи қонунгузории давлати иқомат даъват намуда, хотиррасон кард, ки онҳоро дар Ватан аъзои оила ва хешу табор интизоранд.

Сипас аъзои гурӯҳи корӣ Абдураҳим Холиқзода дар бораи тарзи муносибат бо фарҳанги давлати дигар, таҳаммулгароӣ ва маданияти шаҳрвандӣ дар кишвари дигар изҳори назар карда, шаҳрвандонро ба анҷоми рафторҳои баланди ахлоқӣ ва инсонӣ даъват намуд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба муҳоҷирон фаҳмонида шуд, ки мақсаду ҷавҳари он ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо мебошад.

Дар рафти вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ ва намояндагони вазорату идораҳо, ки дар Федератсияи Русия фаъолият доранд, ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода, онҳоро ба муттаҳидию сарҷамъӣ, баланд бардоштани ҳисси миллию ватандорӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуданд.

Дар охири мулоқотҳо аз ҷониби иштирокдорон ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат, барои ташрифи гурӯҳи корӣ ва баргузор намудани мулоқоту суҳбатҳои судманд изҳори миннатдорӣ гардид. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки чунин суҳбату вохӯриҳо дар ҳудуди Федератсияи Русия мунтазам идома ёбанд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд