МАҚОМ ВА НАҚШИ НИЗОМИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ САНОАТ. Андешаҳо оид ба масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва дурнамои рушд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба инсоният баробари азхудкунии ашёву олот, кашфу ба даст гирифтани зимоми қувваи энергия, ихтирои механизмҳои пуриқтидору кашфи хурдтарин мавҷудоти рӯи Замин то кашфи коинот дар ниҳояти кор зарурат пеш омад, ки роҳҳои ҷамъоварӣ, коркард, маҳфуз, нигоҳ доштан, паҳн намудан ва истифодаи васеи чунин иттилоотро низ андеша намояд, зеро вақте ки мо иттилоот мегирем, он танҳо чун маълумот нест, балки барои чизе зарур аст.
Дар охирҳои асри XX ва оғози асри XXI технологияҳои наве ихтироъ карда шуданд, ки қаблан касе ҳатто тасаввур карда наметавонист, аз қабили таҷҳизоти инфиродии иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; роботҳо ва системаҳои мобилии зеҳнӣ; интернети оммавӣ – «фардикунонии» мол, кор ва хизматрасонӣ; дар «фазои маҷозӣ» паҳн гардидани тарзи зиндагӣ – амсоли кор, таҳсил, хариду фурӯш, равандҳои тиҷорати фосилавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ; пайдоиши «котибон ва ёрдамчиёни виртуалӣ – «барномаи зеҳнии сатҳи баланд; хизматрасониҳои компютерикунонида; коркарди «дақиқ» идорашаванда – пертсезионӣ; манбаъҳои алтернативии энергия, сарфаи энергия ва технологияҳои «сабз»; нақлиёти гибридӣ; организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта.
Бешак, ихтирову татбиқи чунин технологияҳо аз самараи фаъолияти эҷодиву пурмаҳсули илмиву техникии ин ё он олим вобаста буда, барои осон, беҳтар, дақиқтар ва босамар иҷро намудани дилхоҳ амалиёт равона гардидааст ва ҳар давлате, ки ин равандро идора мекунад ё дар он пешсаф аст ва ё ҳамқадами он аст, чунин давлат дар тамоми соҳаҳо ба рушди комилан назаррас ноил мегардад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли 2000-ум чунин иброз дошта буданд: “Талаботи замон аст, ки мо бо интихоб намудани роҳи бунёди давлати дунявӣ ва мутамаддин бояд Ватани худро ба кишвари аз лиҳози илму техника пешрафта табдил диҳем”.
Дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 тасдиқ шудааст, истилоҳи «технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)» чунин муқаррар гардидааст: «Маҷмуи объектҳо, амалу қоидаҳои ба таҳия, коркард ва расонидани иттилоот вобаста дар алоқамандӣ бо коммуникатсияи шахсӣ, оммавӣ ва истеҳсолӣ, инчунин кулли технологияҳо ва соҳаҳо, ки ҷараёни номбаршударо якҷоя таъмин мекунанд». Бо ҷамъбаст намудани ин шарҳу тавзеҳ метавон гуфт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низоми фарогире ҳастанд, ки иттилооту раванди иттилоотониро идора намуда, бо истифода аз он ба тамоми соҳаҳо таъсири бевосита ва ё бавосита расонидан имконпазир аст.
Яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқие, ки истифодаи ин низомро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муқаррар ва танзим намуда, ба ташаккул ва рушди он асоси ҳуқуқӣ гузошта буд, ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 маҳсуб мешавад, ки тибқи он Созишномаи ҳамкорӣ дар ташаккул додани захира ва системаҳои иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои байнидавлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи информатизатсия тасдиқ шуда буд. Тибқи ин созишнома, мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар баробари танзими васеи муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар самти иттилоотонӣ, инчунин бобати ҳамоҳангии танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ, таъсиси технологияҳои иттилоотонӣ, ҳифзи иттилоот ва манбаъҳои он, ташкил ва рушди бозори хизматрасонӣ дар соҳаи иттилоотонӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи фишангҳои ҳавасмандгардонии тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳо, маркетинги бозори иттилоот, омодасозии мутахассисони соҳибтахассус ва дигар тадбирҳо ба тавофуқа расида буданд.
Бо назардошти зарурати ташкили шароити технологӣ, воситаҳои нармафзорию таҷҳизотӣ, низоми телекоммуникатсионӣ, таъмини дастрасии фарогир ба иттилоот ва истифодаи васеъи чунин воситаҳои босамари муосиру низоми иттилоотонӣ, ки дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва умуман дар рушди тамоми соҳаҳо омили муҳим арзёбӣ мегардад, Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2002 чунин дастур дода буданд: “Бо назардошти вазъи геополитикии мамлакат, рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъсиру нуфузи иттилооти омма ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мо зарур аст, ки консепсияи ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои дахлдори иттилооти давлатиро таҳия, баррасӣ ва қабул намоем”.
Дар ин замина ва то қабул гардидани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011) якчанд санади мушаххаси меъёрии ҳуқуқие қабул ва тасдиқ гардида буданд, ки муносибатҳои байни давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқиро дар самти иттилооту иттилоотонӣ муқаррар ва танзим намуда, асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ»-ро гузоштаанд, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъмини воридшавӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ» (16.09.1999с.); қонунҳои Ҷумҳурии «Дар бораи иттилоот» (10.05.2002с.) ва «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (18.06.2008с.); қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили системаи ягонаи автоматиконидашудаи таҳияи аснод дар дастгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (19.02.1997с.); «Дар бораи таъсиси Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот ва тадбирҳои танзими воридшавӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ» ва «Дар бораи Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (08.08.2001с).
Асосҳои конститутсионии ҷорӣ намудани низоми «ҳукумати электронӣ» – (минбаъд Ҳ-электронӣ) хусусан дар моддаҳои 1, 14, 25, 31 ва 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, муқаррар менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд; онҳо вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро бо ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд; шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ иштирок кунад, аз дастовардҳои онҳо истифода барад.
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи Ҳукумати электронӣ дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон» истифода шуда, он чун соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки ҳамкории байни ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандонро таъмин менамояд, муқаррар шуда, чун замимаи нави Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар марҳилаи аввали амалигардонии низоми Ҳукумати электронӣ бо татбиқи зербоби 4.1. Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон», ки ба такмили идораи давлатӣ дар заминаи Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ҳукумати электронӣ) бахшида шуда, зиёд шудани ҳаҷми электроникунонии меҳнати шахсони роҳбарикунандаро таъкид менамуд, нақши заминавии худро бо иҷрои чунин самтҳои асосии ҳамкории мутақобилаи муайяншуда ба анҷом расонид: инкишофи системаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва шабакаҳои маҳаллии иттилоотӣ; таъмини мутобиқати стандартҳои нигаҳдории иттилоот, коргузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо дар сатҳи миллӣ ва байнидавлатӣ; дар заминаи истифода аз Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини возеҳият дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба ҳамагон дастрас будани захираҳои кушодаи давлатии иттилоотӣ; ба вуҷуд овардани шароит барои ҳамкории самараноки мақомоти идораи давлатӣ бо шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагӣ, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ.
Дар заминаи стратегияи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохтори захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотии афзалиятнок, хизматрасонии иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи маълумот, системаи иттилоотии идоракунии давлатӣ, ҳолати рушди Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, таъминоти кадрии ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро муайян намуда, барои дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Шурои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Натиҷаҳои татбиқи стратегия ва барномаи мазкур ба соҳаи саноат низ таъсири мусбат расонида, барои рушди он заминаҳои мусоиди технологиву идорӣ фароҳам оварданд. Барои мисол, бар ивази муросилоти анъанавӣ почтаи электронӣ ташкил гардид, ҷараёни коргузорӣ шакли сифатан нави компютерикунонида касб намуд, пайдо шудани алоқаи мобилӣ ва интернет имконияти дастрасӣ ба иттилоот ва табодули онро садҳо маротиба осон намуд, имконияти муколамаи мутақобила бо сарфаи вақт васеъ гардида, ҷараёни ҷалби сармояву сармоягузор ба соҳа беҳтар шуд, аз ҷониби давлат имтиёзҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии воридоту ҷоринамоии Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешбинӣ гардид, барои баланд бардоштани касбияти мутахассисон шароиои иловагӣ фароҳам оварда шуд.
Марҳилаи нави татбиқи Ҳукумати электронӣ бо қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Консепсияи мазкур идомаи мантиқии татбиқи стратегияву барномаи гуфташуда буда, инчунин бо мақсади амалисозии Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Мувофиқи консепсия мақсадҳои зерин асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд: баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ; баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд; содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани мӯҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд; баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ; ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон; ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.
Тибқи Консепсияи мазкур се марҳилаи титбиқи Ҳукумати электронӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра якчанд тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки ба рушди соҳаи саноат низ таъсири мусбат расонид. Новобаста аз шароити иқтисоди дар ҳоли гузариш қарордошта ҷойгиршавии ҷуғрофии мамлакат, нобаробарии рақамӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, ба таври комил рушд накардани инфрасохтори Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, донишҳои зарурии истифодаи Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, нокифоягии таъминот бо техникаи муосири компютерӣ, сатҳи пасти таъмини амнияти иттилоотӣ, нокифоягии серверҳо ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта, чораҳои амалигардида барои рушди соҳаи саноат низ назаррас буда, маълумоти мазкур далели ин гуфтаҳост: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» аз 31 майи соли 2012; Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 аз 29 декабри соли 2012; фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2013 «Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ»; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ» аз 17 октябри соли 2016, «Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул» аз 8 июни соли 2017 ва «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо» аз 24 июли соли 2020; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 апрели соли 2021; Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 26 октябри соли 2021; фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва пешниҳоди ҳисоботи андозӣ дар шакли электронӣ» аз 12 январи соли 2022; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии бо шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда» аз 28 марти соли 2022; фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ» аз 5 июли соли 2022; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» аз 24 декабри соли 2022; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои давлатие, ки бояд муносиб ва автоматӣ гардонида шаванд ва муҳлати ба шакли электронӣ гузаронидани онҳо» аз 2 марти соли 2023; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» аз 15 марти соли 2023; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шартҳои дастрасӣ ба портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ва воситаҳои дигари электронӣ» аз 28 ноябри соли 2023 ва «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи электронии молу мулки давлатӣ» аз 28 ноябри соли 2023, инчунин ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба чандин қонунҳои амалкунанда вобаста ба амалигардонии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мубодилаю дастрас намудани иттилоот тариқи электронӣ.
Баҳри такмили инфрасохтори ҳукумати электронӣ ҳуҷҷатгузории электронӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон савдои электронӣ, низоми электронии пардохтҳо, таъминот бо кортҳои бонкӣ ва смарт-кортҳо, тарҳрезигардии барномаҳои хизматрасонии электронии миллӣ, таъмини инфрасохтори Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо ноқилҳои нахӣ-оптикӣ, ташкили махзани ҳуқуқии иттилоотии «Адлия», ташкили сайтҳои мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва порталҳои зерини хизматрасонӣ, аз қабили https://tajtrade.tj, https://tajinvest.tj, https://eprocurement.gov.tj, http://marketing.agentstva.tj, https://portal.ncpi.tj, https://tj.accelerateprosperity.org/ru, http://b2b.tj, http://ijozat.tj, http://investcom.tj, http://andoz.tj, http://gumruk.tj, http://industry.tj, https://portal.swcustoms.tj, http://tds.tj/ru/, https://swcustoms.tj, https://ijozatnoma.tj/tj/licenses ва амсоли инҳо.
Тадбирҳои андешида ба дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ равона гардида, дар ин самт як андоза барои аз байн бурдани монеаҳои маъмурии сунъӣ ва таъмини шаффофияти меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат ва сарфаи хароҷотҳои онҳо барои амалиёти маъмурию тиҷоратӣ мусоидат намуд. Натиҷаи чунин тадбирандешӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги Индекси рушди ҳукумати электронӣ (EGDI), ки аз ҷониби Департаменти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар ду сол як маротиба раванди омодагии кишварҳоро ба ҷорӣ намудан ва истифодаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ пешниҳод мекунад, соли 2022 аз байни 193 давлат чор зина боло рафта, мақоми 129-ро ишғол намуда, аввалин маротиба ба қатори гурӯҳи кишварҳои бо EGDI-и баланд дохил шуд.
Лекин ин дастовардҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро низоми Ҳукумати электронӣ ба он шакле, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ татбиқ мешаваду тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида муқаррар шудааст, ба таври комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст. Мувофиқи маълумоти интернет-портали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз байни 11 давлатҳои аъзо танҳо дар 9 давлат интернет-портали Ҳукумати электронӣ амал мекунад.
Аз ин рӯ, барои ҳарчӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои ҷоринамоии низоми комили Ҳукумати электронӣ пешниҳод менамоем:
-ташкили фишангҳо барои мунтазам идоракунӣ ва мониторинги амалисозии муассири низоми Ҳукумати электронӣ;
-андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва ҷараёни хоҷагидории анъанавӣ;
-баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ ва мунтазам дар воситаҳои ахбори омма пешниҳоди маълумот доир ба имконият ва дастовардҳои низоми Ҳукумати электронӣ;
-бо мақсади коҳиш додани нобаробарӣ дар истифодаи Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ барои рушди инфрасохтор ва мутобиқ намудани Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба талаботи замони муосир (бо роҳи ҳавасмандгардонию пешниҳоди имтиёзҳо ба операторону провайдерон);
-тарбияи мутахассис-барномасозон, инчунин дар самти ҳифзи иттилоот ва идоракунии хатару таваккалҳо барои ҳалли мушкилоти бехатарӣ ва махфияти рақамӣ;
-ба роҳ мондани ҳамкории зич байни корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ бо мақсади таъминот бо кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ;
-дар маҳалҳо (минтақаҳои саноатӣ) ташкил намудани паркҳои технологиву бизнес-инкубаторҳо ва робитаи доимии корхонаҳои саноатӣ бо чунин муассисаҳо;
-муқаррар намудани заминаҳои ҳуқуқии саноати электронӣ (консепсияи Саноат 4.0) ва ба тариқи таҷрибавӣ ба роҳ мондани татбиқи он дар як ё якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
-барои баланд бардоштани дониш ва ҳавасмандкунии мутахассисон-барномасозон баргузор намудани озмунҳо.
Комрон ИСМОИЛИЁН,
узви кумита оид ба энергетика, саноат,
сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»