«МО БО ШУМО ИФТИХОР МЕКУНЕМ!». Таҳти чунин унвон ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бо афсарону сарбозони қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонмардони далери Ватан, ки дар ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ баҳри дифои марзу буми Ватан хизмат менамоянд, иброз кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди комил ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар байни бархӯрд ва пайомадҳои даҳшатборе қарор дорад, ки таъсири онҳо ба мамлакатҳои амну осоишта низ мерасад. Албатта, ин бархӯрд ва низоъҳои сиёсӣ ба ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ хатарзо мебошанд. Бо ин мақсад моро зарур аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ адо намуда, баҳри ҳифзи марзу буми сарзаминамон устуворона қадам гузорем.
Дар фарҷом ба чанде аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ барои хизматҳои шоён ва садоқат ба Ватан сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тайи чанд рӯзи охир дар асоси нақша чорабиниҳо ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти самти кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






