Мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оғоз гардид

Июнь 3, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими кушодашави мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряҳо сухан гуфта, ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро, ки Созмони Милали Муттаҳид тариқи Қатъномаи  махсус 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд, давоми мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат номид.

Таъкид гардид, ки мамлакати мо ташаббускори пешниҳоди эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи Қатъномаи СММ буда, дар асоси дастури раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила муттаҳид намудани ҷавонони минтақаҳои гуноногуни ҷумҳурӣ байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита ташкил карда шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқа бори аввал бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол, интихоби варзишгарони беҳтарин ба дастаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки даври якум ва дуюми мусобиқа то 6 июни соли 2024 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида,  даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе доир шуда, беҳтаринҳо бо Ҷом ва туҳфаҳо сарфароз мегарданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд