ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 26 то 28 июн дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Июнь 25, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, аз 26 то 28 июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, дар баъзе минтақаҳои мамлакат хатари омадани сел, дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг ва ярч боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 27-28 июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, дар ин рӯзҳо ҳавои пурчангу хок дар назар аст. Дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин аз ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт бошанд.

Кумита бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, сокинони мамлакатро даъват менамоянд, ки дар ин рӯзҳо сари вақт селроҳаҳо, ҷӯйю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза намуда, эҳтиёт бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид