ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хатари ба амал омадани сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хавфи селҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хавфнок барои ҷамъоварии ҳезум ва алафҳои доруворӣ худдорӣ намоянд.
Инчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза намоянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






