«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд

Июнь 8, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 7 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои бахшида ба  бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳти унвони «Сурудҳои мондагор» барномаи фарҳангӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Барномаи фарҳангӣ дар доираи намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ ва конфронси байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз 5 то 8 июн мегузарад, пешниҳод гардид.

Тавре дар ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ таъкид гардид, эҷодиёти  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун маснади суханофарини базми ишқ ба дараҷае воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидаанд. Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷик буда, дар эҷоди суханварӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 июн конференсияи байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» оғоз гардид, ки то 8 июн идома меёбад. Ҳадаф аз баргузории конференсияи байналмилалӣ-  пос доштани хотираи Мавлонои Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаи канори олам ҷамъ омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ низ ифтитоҳ гардид, ки то ҷамъбасти конференсия идома меёбад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд