ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июн, шанбе, 166-умин рӯзи соли 2024

Июнь 15, 2024 08:00

15 июни соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд.

***

13 сол пеш, дар ин рӯзи  соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду давлат  баррасӣ шуданд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2011 ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.

***

15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи  мамлакат — Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар  кушодашавии ин муассисаи тиббӣ хонум Эмине Эрдоған, ҳамсари Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд.

***

15 июни соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

***

15 июни соли 2022 дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Майкл Эрик Курилла баргузор гардид.

15 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии шамол.

***

Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Озарбойҷон  — Рӯзи миллии наҷот.

***

Дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фазлиддин Муҳаммадиев — соли 1928, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Июнь 15, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш