ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, шанбе, 159-умин рӯзи соли 2024

Июнь 8, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардида, ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, қабул гардид.

***

8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия байни Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд.

***

7 сол пеш, дар ин рӯзи  соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

***

8 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун: «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилоти бахши давлатӣ» имзо гузоштанд.

***

8 июни соли 2022 баъди анҷоми ҷаласа ва дигар ҳамоишҳо дар доираи Раванди оби Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Женмин барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Номбурдагон Раванди оби Душанберо  натиҷагирӣ карда,  ба хабарнигорон маълумоти муфассал доданд. Гуфта шуд, ки аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2022 қабул гардид.

***

Соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

8 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Рӯзи байналмилалии уқёнус.

Июнь 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш