Тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар Остона баррасӣ гардид

Июнь 27, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Чин Чжан Хуи дар Остона баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Раиси Раёсати «Амонатбонк» доир ба дастовардҳои молиявии «Амонатбонк» маълумот пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, Бонки давлатии рушди Чин яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди «Амонатбонк» маҳсуб меёбад.

Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Чин Чжан Хуи қаноатмандиашро аз натиҷаи ҳамкории муштарак иброз дошта, гуфт, ки «Амонатбонк» ягона бонкест, ки бо Бонки давлатии рушди Чин таърихи хуби ҳамкории муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хосса аст.

Дар мулоқоти пурмуҳтавои дуҷониба роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки омодаанд ҳамкории муштаракро дар самтҳои гуногуни бонкӣ боз ҳам густариш диҳанд.

АКС: «Амонатбонк»

Июнь 27, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»