Тавсеаи ҳамкорӣ дар самти саноат ва иқтисоди «сабз» байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров бо мушовири Директорати генералии ҳамкории байналмилалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ҳенрик Ҳололей тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, энергетика, нақлиёту логистика ва муҳити зист байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад.
Ҳамзамон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳенрик Ҳололей дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди давлат муваффақ арзёбӣ карда, омодагиашро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баён намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






