Тоҷикистон ба 18 давлати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд

Июнь 7, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар семоҳаи аввали имсол аз Тоҷикистон ба 18 давлати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 84,3 ҳазор тонна содирот гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Аз маҳсулоти содиротгардида 74,2 фоиз ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 25,8 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд. Маҳсулоти содиротшуда  нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 26,2 ҳазор тонна ё 45 фоиз фоиз зиёд мебошад.

Маҳсулоти сабзавотӣ қариб ба 8 ҳазор тонна (аз ҷумла, пиёз 6,8 ҳазор тонна), меваҷот 1,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 510 тонна), меваи хушк 29,1 ҳазор тонна, лӯбиёгиҳо 120 тонна, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 2,0 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 содирот аз рӯи ҳаҷми сабзавот — 7,3 ҳазор тонна ё 13,6 маротиба (аз ҷумла пиёз 6,8 ҳазор тонна), меваи хушк — 10,8 ҳазор тонна, лубиёгиҳо — 120 тонна, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ё 154,5 маротиба ва тухмиҳои равғандору растаниҳои доругӣ 1,0 ҳазор тонна зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд