ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШРАФТУ ПИРӮЗИИ МО. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар мо саволро чунин гузорем, ки кафолати пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон дар чӣ метавонад бошад, бидуни шубҳа, посух чунин аст, ки ин кафолатро танҳо дар ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон метавон пайдо кард. Агар боз ҳам савол пеш гузорем, ки кафолати пешрафт ва пирӯзиҳои миллии давлатамон дар чист, боз ҳам посух ҳамон хоҳад буд: кафолати пешрафту пирӯзиҳои мо дар ваҳдати миллӣ ва ягонагии тамоми халқи мамлакатамон аст. Чунин изҳори назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзури хонандагон мегарданд.
— Ин ки вожаи ваҳдат вожаест муқаддас аз маънои он пайдост. Дар ҳама луғатҳои гузаштагони мо ваҳдат маънои ягонагиро дорад ва ин ягонагӣ, пеш аз ҳама ягонагӣ бо ақли кул, яъне, бо ҳама ҳастист, бо табиат, бо замину осмон ва мусаллам аст, ки бе ваҳдату ягонагии тамоми мардум, мушкил аст расидан ба он ваҳдати баланде, ки ягонагии инсону ҳастӣ, якдиливу ягонагии ҳама зуҳуроти ҳастиро ба вуҷуд овараду ҳамаро фаро гирад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки кафолати осоиштагиву бехатарии инсоният ба дасти ҳаводиси рӯзгор аст, боз ҳам кафолати ҳар халқ ва ҳар мамлакат дар ягонагии он халқу он давлат аст. Танҳо халқе метавонад худро аз ҳама таҳдидҳову хатарҳо ҳифз кунад, ки ҳамин ягонагӣ, ҳамин ваҳдати миллиро ба даст оварда бошад.
Худи ҳамин зиндагии анқариби сиюпанҷсолаи даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Ватанамон нишон дод, балки халқ ва давлати моро аз имтиҳоне гузаронд, ки нотифоқиву паркандагии ба дасти душманон таҳмилшуда ба ҷумҳурӣ мо қариб буд, ки беҳтарин даствардии таърихии мо – Истиқлолияти далатиро аз байн бубарад. Халқи фозил ва фарзандони заковатманди миллатамон сари вақт ин иштибоҳро дарк кардаву аз пайи рафъи он шуданд ва танҳо ваҳдату ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан, барои як армони баланди миллӣ мубориза бурдан миллати моро аз вартаи фалокатҳо раҳоӣ бахшид.
Агар мо фаротар равем, мебинем, ки ваҳдат на танҳо кафили зиндагиву пойдории як халқу миллат аст, балки асоси ягонагиву пойдории худи табиат Замину Кайҳон низ дар ҳамин ваҳдат ва ягонагист.
Дар ин хусус боз ҳам метавон аз бузургони илму адаби мо далелҳо овард.
Абулмаонӣ Абдуқодири Бедил беҳуда нагуфтааст:
Дар ин ваҳдатободи нусратбаҳор,
Зи ҳар ҷузв айни гул аст ошкор.
Ин ибораи зебои «ваҳдатободи нусратбаҳор» чӣ қадар бамаврид вазъ ва симои имрӯзи Ватани мо, Тоҷикистони азизи мо, пойтахти Ватанонро ба тасвир овардааст, ки воқеан самараи ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқу давлатамонро дар он муҷалло мебинем. Ва воқеан дар ҳамаи ин бунёдкориҳову шукуфоиҳои сарзамини куҳанбунёдамон акси дурахшони ишқу муҳаббати ватандориро мебинему аз он фараҳ мегирем.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ беҳуда нагуфтааст:
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Яъне, ҳамин ваҳдат, ҳамин ягонагӣ аст, зиндагӣ ва табиат низому тартиб дорад ва зебову диданист.
Дар хусуси он ки ваҳдати миллӣ ҳамчун тақозои замон ва зарурати таърихӣ барои инсоният ба вуҷуд омадааст, аз ин пеш ҳам гуфта будем. Дар ин маврид донишмандон ва мутафаккирони номдор аз Афлотун то Абӯнасри Форобӣ, Ибни Ҳалдун, Томас Гоббс, Жан Жак Руссо ва Аҳмади Дониш андешаҳои худро баён доштаанд.
Аз ҷумла, барои Афлотун асоси гароиш ба ваҳдат аз ташкили боақлонаи ҳаёти иҷтимоӣ иборат аст, ки имкон медиҳад муносибатҳои муназзаму мутаносуби инсонӣ ташкил ёбанд. Афлотун лоиҳаи давлати армониро пешниҳод мекунад, ки дар он ҳамоҳангии накукориҳо моҳияти давлат ва одами ҷудогонаро ташкил медиҳад.
Чунин андешаро Абунасри Форобӣ низ пайгирӣ кардааст. Ӯ мегӯяд: «Ҳар як одам чунон сиришта шудааст, ки барои мавҷудияти худӣ ва расидагӣ ба камолоти олитарин ниёзманди бисёр чизҳоест, ки онҳоро худ ба даст оварда наметавонад ва барои ба даст оварданашон ниёз ба як навъ ҷомеаи одамон дорад, ки ба ӯ ин чизҳоро дар алоҳидагӣ бурда мерасонанд-чизҳоеро, ки ӯ ба онҳо талаботро эҳсос менамояд. Ана барои чӣ фақат аз тариқи иттиҳодияи одамони зиёди ба ҳамдигар кумакрасонанда, ки дар он ҳар кас ба дигаре қисмеро аз ҳиссаи барои мавҷудияти ӯ зарурӣ бурда мерасонад, инсон метавонад ба он камолоте бирасад, ки аз рӯи сиришти худ ба он рисолатманд шудааст».
Баъд аз асрҳо ба вуқӯъ пайвастани ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намунаи амалӣ шудани армонҳои бузургони гузашта аст, балки боз гувоҳи он аст, миллати куҳанбунёду хирдпешаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ тавонистааст таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро эҷод ва амалӣ намоянд.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон падидаи нодиру навест дар таърихи навини мо, ки омӯзиши он ҳам барои дигарон ва ҳам барои таҳкиму пешрафти ваҳдати худи тоҷикон хеле баманфиат хоҳад буд ва ин сабақест шоиста дар ҷодаи худшиносии миллӣ барои ҳам мо ва ҳам дигарон. Дар асоси ин сабақ метавон бардоштҳое кард, ки чӣ омилҳое метавонанд як халқ, як қавму миллатро ба ваҳдат расонанд.
Яке аз чунин омилҳо ҳадафи бузургест, ки як миллат дар пешорӯи худ мегузорад. Оре, ҳадафи баланди миллӣ метавонад мардуми як мамлакатро ба ҳам орад, ба ягонагӣ даъват кунад,зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ, аз як гиребон сар бароварда метавонанд барои фатҳи мақсадҳои наҷиб мусоидат кунанд. Дар мавриди халқи мову ҷумҳурӣ мо чунин ҳадафи бузург озодиву истиқлолият ва эҳёи навини миллати мост, ки армони ҳазорсолаашро ҳадафи ҳастии худ қарор додааст.
Дар ин замина иқдомҳои шоиставу мақсадҳои наҷиб, нақшаҳои бузурге, ки аҳамияти созандагӣ доранд, низ метавонанд миллатро ба сарҷамъиву ягонагӣ раҳнамоӣ кунанд.Дар ҳамин таърихи кӯтоҳи истиқлолияти худ мо аллакай боре шоҳиди аз як гиребон сар баровардани хурду бузурги миллатамон гардидем, вақте ки аз ҷониби Пешвои миллат даъват барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба амал оварда шуд. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёди ояндаи мост, ки нақши тақдирсоз барои халқамон дорад.
Аммо ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷаста, барои миллати мо ба осонӣ даст надодааст. Мо хуб медонем, чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллатамон, ба амал бароварда шуданд, то мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем. Имрӯз мо бояд андеша дар сари он кунем, ки чӣ гуна ин дастоварди гаронбаҳои таърихии халқамон-ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем?
Омили аввалине, ки метавонад миллатро ба ҳам орад ҳадафи бузург ва тақдирсози миллист. Халқҳоро ҳадафҳои бузург ба пирӯзиҳо мерасонад. Барои ин аввал бояд суоле пеши худ гузорем ва бидонем: он чист, ки ваҳдати миллӣ бар он асос меёбад? Чӣ сутунҳое бояд бунёд кард,то тавонанд бори ваҳдати миллиро ба дӯш бардоранд? Ба гумони банда дар ин маврид чанд омили асосӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.
Аввалин омиле, ки воқеан метавонад миллатеро ба ҳам орад як ҳадафи бузург ва тақдирсоз аст.
Дуюм, ваҳдати миллӣ ҳамон вақт пойдор аст, ки бар адолати иҷтимоӣ ва аслан адолат асос ёфта бошад ва ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст. Зеро асоси ваҳдат адолат буда, ваҳдат ва ягонагии мардум пеш аз ҳама ба адолат ниёз дорад ва бо адолат қавист.
Сеюм, бе худшиносии баланди миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки расолати миллӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст.
Чаҳорум, таҳкими қонуният дар мамлакат, иҷрои бечунучарои он, роҳ надодан ба беадолатиҳо дар иҷрои он. Табиист, ки қонун, ягонагӣ ва мувозинат дар ҷомеа асоси бунёди ҳар бино, аз ҷумла бинои ваҳдат аст. Беҳуда нест, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ мо маърифати шинохти қонун ва риояи он амалӣ мешавад.
Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллати мо кам нест.
Шашум ва аз ҳама ҳалкунанда — ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ,манфиати умумимиллӣ. Зеро ваҳдат кафили асосии рушди давлати миллиамон хоҳад буд.
Метавон руйхати ин омилҳоро идома дод, аммо ҳоло ҳамин қадар кофист.
Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро ба назар гирем, ки бе донистани он шояд мо натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем. Халқи мо халқест некманиш, хайрхоҳ ва дар баробари ин содадилу зудбовар ва дар оғози истиқлолият душманонаш тавонистанд аз ин истифода кунанд ва дар таърихи куҳанаш ҳам ин хушбовариҳо на ба манфимати ӯ будааст ва инро мо бояд чун сабақ дар ёд дошта бошем.
Мо набояд худро бифиребему ба худ дурӯғ гӯем, зеро ин ба манфиати истиқлолияту ваҳдат ва мақсадҳои наҷиби мо ва Сарвари шуҷоъу ватандӯстамон нест. Ва чунон, ки дар китоби «Раванди ваҳдат ва назарияи он», ки бо пешгуфтори Пешвои миллат ба табъ расидааст, ин нуктаҳо таъкид мешаванд,баъзе аз қисмати мардумамон дар бораи истиқлолият фаҳмиши сарсарӣ ва сатҳӣ доранд ва то ҳанӯз манфиати ваҳдати миллиро нафаҳмидаанд. Ҳастанд одамоне, ки бо фориғболӣ, худношиносӣ, ҷудоихоҳиву ҷудоиандозӣ, сарватҷӯиву мансабхоҳӣ манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои Ватану истиқлолият боло гузошта, садди роҳи Ваҳдати миллӣ, ягонагии мардум ва якпорчагии сарзаминамон мегарданд.
Аммо банда бовар дорам, ки кулли мардум, халқи некӯманишу хирадпешаи тоҷик, ки ҷабри таъриху сарнавиштро бисёр дидааст, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои ҷоннисору халқпарварамон имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, бо тамоми он хиради зотие, ки доранд ин дастоварди беназири таърихии худ- Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшанд ва дар ин ҷода неру, раҳнамо ва кафили онҳо Ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд. Хушбахтона, намунаи фарогири ин ватандориву ватандӯстиро аз ҷониби мардум имрӯз мо худамон шоҳидему дида истодаем.
Дар ин маврид хушбахтии мо тоҷикон дар он аст, ки саропои сиришти халқи некӯманиши мо аз ваҳдат ва хайрхоҳиву некманишӣ сиришта шудааст. Тамоми маросиму суннатҳову расму ойинҳои мардуми мамлакатамон худ намунаи ягонагӣ ва ҳосили ваҳдати миллист.
Худи ҳамин дастоварду пирӯзиҳое, ки дар давоми кӯтоҳи беш аз сисолаи даврони Истиқлолияти давлатиямон халқи ватандӯсту заҳматкашамон ноил ба он гардид, гувоҳи он аст, ки Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва халқи некманиши тоҷик ба чӣ пирӯзиҳо метавонанд ноил шаванд.
Ҳам дар арсаҳои сиёсиву байналмилалӣ, ҳам дар арсаҳои ободониву созандагӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, илму фарҳангу эҷодкориҳо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ комёбиҳои беназир ба даст оварда шуданд ва мо аминем, ки ҳанӯз ин оғози кор аст. Миллати некӯманиш ва хайрхоҳи тоҷик бо Сарварии Пешвои некбину ватандӯсти худ пас аз ҷабрҳои зиёди таърихӣ имрӯз дар замони Истиқлоияти давлатии худ сазовори дастоварду пирӯзиҳои наҷибтарин ва беназир хоҳад буд.
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз