Вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд

Июнь 14, 2024 11:22

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар иҷлосия як масъала – Оид ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода С.У.» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон баромад намуда, иброз намуд, ки «Эҳтиромона ба самъи Шумо расонида мешавад, ки дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷииноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад.

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва татбиқ намудани чораи пешгирии дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ ҳамчун вакил розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, оиди ин масъала розигӣ дода шавад».

Аз рӯи масъалаи мазкур ҳамчунин дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Комиссияи одоби Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод баромад намуда, мутобиқати пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳрум намудани дахлнопазирии вакил С. Усмонзода ва асосҳои пешниҳоди мазкурро таъкид карданд ва қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд.

Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, иброз намуд, ки вакилони арҷманд, чаҳорчуба ё худ меъёри дахлнопазир будани ҳуқуқи мо – вакилон тибқи талаботи қонунгузории кишвар муайян гардидааст.

Хотирнишон менамоям, ки фаъолият ва рафтору гуфтори на танҳо вакил, балки ҳар як шаҳрванд дар доираи қонунҳои амалкунанда санҷида мешавад ва нисбат ба он хулосабарорӣ карда мешавад.

Албатта, таҳаммул кардани кирдоре, ки шаъну эътибори вакилро паст мезанад, бисёр сангин ва нанговар аст.

Вакилони арҷманд, он боварие, ки интихобкунандагон нисбати мо-вакилон доранд, ба он сазовор будан лозим аст.

Ин ҳолати нангин мо-вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри сулҳу субот, оромии ҷомеа ва боварии интихобкунандагони худ расем ва дар кадом ҳолате набошем ҳеҷ гоҳ ба Пешвои маҳбубу муаззами миллат, ватану миллати худ хиёнат накунем.

Балки аз ҳарвақта бештару хубтар муттаҳид бошему бо пайгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани аҷдодиамон тамоми кӯшишу ғайратамонро сафарбар намоем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе густариши ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Нахустин муколама оид ба иқтисодиёти даврии Платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ба тасвиб расид
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Анҷумани байналмилалии экологӣ иштирок дорад
Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Тоҷикистон 29 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд
Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии СААД иштирок менамояд
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд