«ЗАН-САРВАР». 20 нафар хатмкунандагони даври омӯзишӣ соҳиби Шаҳодатнома гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба 20 хатмкунандаи даври аввали омӯзишии «Зан-сарвар» Шаҳодатнома тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва духтарон фаъолият менамояд. Бо ташаббуси он дар байни занону духтарони академия даври омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.
Шуруъ аз оғози фаъолият дар ин давр аз тамоми ниҳодҳои илмӣ 34 нафар иштирок намуда, аз суҳбати заноне, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши устувор гузоштаанд, баҳравар гардиданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати мамлакат тавонист, ки ба беҳбуди вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Маҳз бо сиёсати Сарвари давлат нақши занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






