Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд

Июнь 2, 2024 13:58

ХОРУҒ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъат бахшидани мавсими ободониву сабзазоркунӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2023 дар Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор бех дарахт ва буттаи хучу ангат шинонида шуд.

Мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Мадина Давлатёрова ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “ин боғ дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Парвариши ҳама намуди дарахтон дар шароити ин ноҳияи баландкӯҳ мушкилоти зиёд дорад. Давоми зиёда аз сад сол мутахассисони соҳаи боғдорӣ борҳо талош карданд, ки дар маркази ноҳия боғ бунёд кунанд, аммо ин талоши онҳо натиҷае ба бор наовард. Ба ҷуз чанд дарахти беди маҳалӣ дар назди мақомоти давлатӣ дигар ҳамаи дарахтон бинобар сардию беобию бенамӣ аз нашъу намо монданд. Баъзе аз сокинони маҳаллӣ ба ин боғ низ бо назари шубҳа менигаристанд, аммо танҳо 20 фоизи дарахтон ба сардии фасли тирамоҳу зимистон тоб наоварда, ба 80 фоизи дарахтони ороишию мевадиҳанда боду ҳавои сард зарар  нарасонид. Чунки бо мақсади гарм нигоҳ доштани решаи дарахтон зери ҳар дарахт бо тавсияи мутахассисон хоки бегона, алаф ва поруи маҳалӣ рехтанд, ки ин омил боиси наҷоти дарахтон гардид”.

Обмонии ин боғ ба воситаи пойгоҳи обкашӣ аз чоҳи амудӣ ба роҳ монда шуда, он ҳамчун боғи намунавӣ дар байни кӯҳҳои сарбагардун нашъунамои хуб дорад. Нашъунамои дарахтони ин боғ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро умедвор сохтааст, аз ин рӯ онҳо боз як гектар заминро дар яке аз гӯшаҳои маркази ноҳия интихоб карда, рӯзҳои наздик ба коркарди замини он оғоз мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд