Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»

Июль 27, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳангоми санҷиш ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои холӣ, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботҳои тахассусӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки муқаррароти Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қисман риоя карда нашуда, бархе аз хизматчиёни давлатии мақомоти давлатии мазкур (28 ҳолат) ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ намебошанд.

«Дар маҷмӯъ, аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд»,-гуфта шуд дар нишаст.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби мақомоти мазкур, нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тасдиқ карда шуда, то ин вақт қисми зиёди камбудиҳо бартараф карда шуданд. Фаъолият дар ин самт идома дошта, рафти минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳо таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд