Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкориро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин тақвият мебахшад

Июль 9, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и Тоҷикистон ва рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории мутақобила ба имзо расид. 5 июли соли равон пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони ҳар ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гардид, ин санад аз ҷониби Директори АМИТ «Ховар» ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон табодул карда шуд.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳидддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки «ба имзо расидани санади мазкур дар тақвияти муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин нақши муҳим хоҳад гузошт. Нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин «Жэнмин-Жибао» яке аз рӯзномаҳои маъруфи ҷаҳон маҳсуб шуда, бо 14 забон нашр мешавад.Соли 2015 тиражи рӯзнома ба 3 миллиону 500 ҳазор расида, ҳамасола беш аз 100 ҳазор нусха меафзояд. Дар рӯзнома зиёда аз 1000 рӯзноманигор дар 70 филиалҳои он дар давлатҳои ҷаҳон фаъолият мебаранд».

Директори АМИТ «Ховар» ёдовар шуд, ки аз 10 то 16 июни соли равон гурӯҳи хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. 14-15 июн хабарнигорони АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро аз рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар саёҳати матбуотӣ, ки дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамроҳӣ карданд.

«Рӯзномаи «Жэнмин-Жибао» дар бораи Тоҷикистон, ки Чинро яке аз шарикони муҳими сиёсию иқтисодӣ медонад, маводи зиёд ба нашр мерасонад. Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2017 мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи «Жэнмин жибао» таҳти сарлавҳаи «Эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи бесобиқаи олӣ расиданд» ба чоп расид. Мусоҳибаи мазкур қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэн, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд, омода гардид», — афзуд Субҳидддин Шамсиддинзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд