Агентии обуҳавошиносӣ: «Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2014 монанд мебошад»

Июль 1, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар  пешгӯӣ шуда, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2014 монанд мебошад.

Тавре дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар моҳи июл боришот аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Моҳи июл дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳаво аз 25 то 42 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои  вилояти Хатлон моҳи июл ҳаво  аз 31 то 42 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо аз 27 то 38 дараҷа гармӣ пешгӯӣ  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ  ҳаво то 29 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармӣ то 19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯй шуда, дар водиҳо аз 31 то  41 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 20 то 32 дараҷа гарм мешавад.  Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои водибуда чангу ғубор ба амал меояд.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 23 дараҷа  гарм дар назар аст. Дар давоми моҳ аз 23 то 35 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 39 дараҷа гарм мешавад. Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар назар аст.

Моҳи июл дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ҳаво рӯзона аз 10 то 22 дараҷа ва шабона аз 6 то 13 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои алоҳида боридани борон дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд