АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Июль 2, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Дар ин хусус 2 июл зимни вохӯрии директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода  бо  муовини директори хадамоти русии «CGTN»-и Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ҷин Жунг иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза ба ҳамкории минбаъда такони нав мебахшад.

Ба барқарор намудани робита байни АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «China Media Group» изҳори умед карда шуд. Ин иқдом дар ҳамкорӣ дар самти огоҳонидани шаҳрвандони ду давлати ҳамсояи дӯст — Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун қадами нав арзёбӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид