Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводҳои ғизои мактабӣ дастрас мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик маводи хӯрока барои ғизои мактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад. Дар ин хусус муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зимни қабули маводи ғизои мактабӣ дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ иброз дошт.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 23 июл дар деҳаи Навободи ноҳияи Рудакӣ дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ маводи хӯрока барои ғизои мактабӣ супорида шуд.
Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2027 тасдиқ ва амалӣ намуда истодааст, ки ба таъмини аҳолӣ, дастгирӣ ва таҳкими саломатӣ, беҳбуди шароити ва баланд бардоштани сифати таълими хонандагон тавассути рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он хонандагони синфҳои аз 1 то 4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд.
Консепсияи такмили хӯроки мактаббачагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои асосӣ, самтҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди хӯроки мактабӣ муайян менамояд. Татбиқи он барои арзёбии умумии вазъ ва таҳияи тадбирҳои минбаъда оид ба таъмини хонандагон бо ғизои солим, рушди неруи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат замина гардид.
Бояд гуфт, ки барномаи мазкур дар заминаи таҳлили умумии вазъи кунунии ғизои мактабӣ таҳия шуда, мақсадҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми ғизои мактабӣ, марҳилаҳои асосии амалигардонӣ, натиҷаҳо ва индикаторҳои банақшагирифташуда, инчунин тартиби ташкили мониторинг ва баҳодиҳии комёбиҳои натиҷаҳои ба нақша гирифташударо муайян месозад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






