Бахтиёр Ҷалилов аз Исфара: «Аз фурӯши зардолу фоида хуб ба даст оварда, сатҳи зиндагиамро баланд мебардорам»

Июль 11, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 1 гектар боғ зиёда аз 100 бех дарахти зардолу парвариш кардам. Айни замон ба ҷамъоварии зардолу ва хушк намудани он машғул мебошам. Ҳар сол аз ин боғ тақрибан то 5 тонна зардолу ҷамъоварӣ намуда, онро ба фурӯш бароварда, фоида хуб ба даст меорам, — чунин иброз дошт сардори хоҷагии «Бахтиёр»-и шаҳри Исфара Бахтиёр Ҷалилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Дар боғ навъҳои гуногуни дарахти зардолу, аз қабили мирсанҷарӣ, исфарак, хурмоӣ, қандак, хусравонӣ парвариш намудам. Айни замон ба ҷамъоварии он машғул мебошам. Аввал мо зардолуҳоро болои хон (сурфа) бо эҳтиёт меафшонем, онҳоро дар қуттиҳои махсуси чӯбин гузошта, зери чодари плостикӣ ба дуди ортингӯгирд мегузорем, то аз ҳамлаи ҳашарот эмин монда, хушрангу пурҷило гардад. Сипас онҳоро хушк намуда, дар борхалтаҳо гирифта, дар тагхона ва ё ҷойи салқин захира менамоем»,- афзуд номбурда.

Бахтиёр Ҷалилов иброз намуд, ки «дар Исфара зардолупарварӣ ва бунёди боғ шуғли авлодист. Ёд дорам, солҳои пеш волидайн зардолуи хушкро дар борхалтаҳои пахтагин, ки онҳоро модарам омода менамуд, гирифта, захира мекарданд. Волидайнам барои нигоҳдории дуру дарози зардолуи хушк чунин тавсия дода буданд: «ҷойи борхалтаҳои зардолуи хушкро дар вақти захира тамоман иваз набояд кард. Агар имкон бошад, онҳоро тамоман такон додан лозим нест».

Мавсуф иброз намуд, ки «дар вақти захираи зардолуи хушк ба намнокии он диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Инчунин ҳарорати анбор якхел бояд нигоҳ дошта шавад. Дар ин ҳолат зардолуи хушк сифати худро гум намекунад ва онро метавон дар вақти замистон истифода намуд ё ба фурӯш баровард. Ман дар хонаам захираи дусолаи меваи хушки онро дорам».

Бояд ёдовар шуд, ки зардолуи хушкро дар оби ҷӯшонида тар намуда, истеъмол кардан фоидаовар мебошад. Нӯшобаи зардолу кори системаи дилу рагҳоро беҳтар мекунад, фишори хунро ба эътидол меорад, афзоиши онро пешгирӣ, лахташавии хунро коҳиш медиҳад, сатҳи холестиринро паст мекунад. Барои одамони гирифтори норасоии оҳан ва авитаминоз низ муфид аст.

Ба тавсияи табибон, истеъмоли мунтазами он хатари сактаи дил ва инсултро коҳиш медиҳад. Аммо барои диабети қанд истифода бурдани зардолуи хушк ба миқдори кам муфид аст. Аз антиоксидантҳо бой аст, бинобар ин, иммунитетро баланд мекунад, баданро аз пиршавии бармаҳал ва таъсири зараровари муҳити зист муҳофизат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Тоҷикистон низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ворид карда шудааст
«Тоҷикаэронавигатсия»: «Дар шаш моҳи соли равон шумораи парвозҳои транзитӣ афзуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70,5 фоиз зиёд гардидааст»
Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли равон ба зиёда аз 1,6 миллион мусофир хизмат расонидаанд
Тоҷикистону Узбекистон ҷиҳати бехатарии молу маҳсулот ва баҳодиҳии мутобиқат нақшаи корӣ таҳия намуданд
Байни Душанбе ва Лондон роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад
Соли равон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ зиёда аз 560 ҳазор ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд
Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G 157 истгоҳи базавӣ насб гардид»
Соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз ва мусофирбарӣ 9 фоиз афзудааст
«ҲИФЗИ МОРХӮР: СТРАТЕГИЯҲО ВА ТАҶРИБАҲОИ САМАРАНОК». Таҳти ин унвон дар Ню-Йорк доир ба ташаббуси Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Маҷористон ҳамкориро дар соҳаи авиатсия рушд медиҳанд
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Брюсел фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ гардид