БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июли соли 2024 маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ иштирок намуд. Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруф Темур Раҳимов буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Оташи олимпиро дзюдочӣ Тедди Ринер ва даванда Мари-Ҷозе Перек фурӯзон карданд.
Сипас президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 Тони Эстанге, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин барномаи ҳунарӣ низ пешниҳод гардид.


Бояд гуфт, ки дар Бозиҳо аз 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 варзишгар, аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд.

Дар баробари Темур Раҳимов (ҷудо, вазни +100 кг) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, инчунин 5 ҷудочии дигари тоҷик, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок менамоянд.
Дар риштаи бокс давлати моро се муштзан — Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ хоҳанд намуд.

Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр, Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Имрӯз дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс рақобатро оғоз менамояд. Рақиби ӯ варзишгар аз Булғористон Радослав Реносов мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






