Чаро корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварии ноҳияи Нуробод аз фаъолият боз мондаанд?

Июль 29, 2024 12:00

НУРОБОД, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз фаъолият боз мондани  корхонаи хишти пухта, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Нуробод мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бо қатъи фаъолияти ин корхонаҳо садҳо нафар аз ҷойи кори доимӣ маҳрум гардиданд, инчунин сокинони минтақаи Рашт тухм, маҳсулоти ширӣ ва хишти пухтаро аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ворид менамоянд.

Раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки «бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2021 корхонаи парандапарварии «Сари қош»  ба истифода дода шуд. Мутаассифона, як сол мешавад, ки корхона кор намекунад. Албатта, ҳар соҳибкор агар аз фаъолияти корхонааш фоида набинад, кор намекунад. Имрӯз аз сабаби набудани пойгоҳи хӯрокворӣ барои паранда корхона аз фаъолият мондааст. Соҳибкор мехоҳад, ки корхонаро ба ягон соҳибкори ботаҷриба супорад, то он дубора фаъол гардад.

Соҳибкоре, ки корхонаи истеҳсоли хишти пухта таъсис додааст, ба мо гуфт, ки коргар намеёбад, ки  кор кунад. Муассисони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Нуробод ҳам мегӯянд, ки бинобар надоштани даромад корхонаро бастаанд».

Ба иттилои Раиси ноҳияи Нуробод, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нисбат ба соҳибкорон ва фаъолияти онҳо монеа мавҷуд набуда, онҳо дар доираи имконият дасгирӣ меёбанд.  Ҳоло барои дубора ба фаъолият шуруъ кардани корхонаҳо бо соҳибкорон корбарӣ идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад