Дар Душанбе Форуми ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи тибби халқӣ баргузор шуд

Июль 5, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи тибби халқӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки ин аз кӯшишу заҳматҳои роҳбарони ҳарду мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Форум, ки бо иштироки ҳайати Пажуҳишгоҳи тибби анъанавии шаҳри Чэнду баргузор гардид, боз ба як самти афзалиятноки соҳа, яъне ҳамкорӣ дар самти тибби анъанавӣ, табодули иттилоот, дастовардҳои соҳаи тибби халқӣ, таъсиси низоми омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин дар ин самт гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, таҳияи принсипҳои умумии аккредитатсияи мутахассисон, таъмини бехатарӣ ва сифати хизматрасонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тибби халқӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад ва шумораи бештари мамлакатҳо аҳамияти тибби анъанавӣ дар соҳаи тандурустиро эътироф намуда, онро дар системаҳои миллии тандурустии худ бомуваффақият ҷорӣ мекунанд.

Дар форум доир ба муваффақияту дастовардҳои Донишгоҳи тибби анъанавии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин наворҳои кутоҳи видеоӣ намоиш дода шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад