Дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар форум роҳбарони мақомоти иҷроия ва қонунгузори ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, институтҳои таҳқиқотии миллӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон иштирок намоянд.
Ҳадафи аслии форум мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои амалияи муваффақ, коркарди лоиҳаҳо ва иқдоми муштарак, ки ба баланд бардоштани мавқеи занони ҳарду давлат равона шудааст, арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардида, то имрӯз ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду давлатро равобити бародарона, ки ба анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






