Дар шаҳри Душанбе шуъбачаи миллитсияи сайёҳӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 22 июл дар назди Раёсати Вазорати коҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Шуъбача дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ташкил гардида, мақсади он расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт мебошад.
Минбаъд, сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан ва ё аз ҷониби онҳо қоидавайронкунӣ ба назар мерасад, шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд тавассути рақамҳои 02-00 бевосита ба милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шуъбачаи мазкур айни замон фаъолияташро санҷишӣ ба роҳ мондааст. Дар назар аст дар оянда шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти сайёҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ хидмат намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати коҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе











44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид






