Дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ мегардад

Июль 25, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути Вазорати нақлиёт алҳол 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ тибқи Созишномаҳои қарзию грантӣ татбиқ шуда истодааст. Чунин изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дирӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи соли 2024.

Гуфта шуд, ки нақшаи иҷрои корҳо дар ин давра дар лоиҳаҳои таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Обигарм-Нуробод, қитъаи 1, Обигарм-Нуробод, қитъаи 2, 46 км, Душанбе-Бохтар қитъаи Қизилқалъа –Бохтар (9,2 км), «Устувории шабакаи роҳҳо (таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук -Темурмалик-Кангурт (58,9 км) ва Данғара –Лолазор (28,9 км), сохтмони нақби «Истиқлол», марҳиллаи 2, «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ БРАМОМ-4», сохтмони роҳи мошингарди Душанбе –Кулма қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км), «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд.

Соли равон тибқи нақша, бояд 5 лоиҳа ба маблағи 436 миллион доллари амрикоӣ 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 156 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта ба истифода дода шаванд, ки инҳо роҳи Роғун-Обигарм –Нуробод 76 км, Бохтар-Леваканд –Лолазор –Данғара 69 км, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 км ва нақби «Истиқлол» марҳиллаи 2 мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид