Дар Тоҷикистон 241 Ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд

Июль 27, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар ҷумҳури 241 Ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд, ки ҳадафи онҳо барқарор намудан ва беҳдошти заминҳои обёришаванда, баланд бардоштани маърифати истифодабарандагони об мебошад. Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода шуда, қисми зиёди заминҳои обёришаванда зери назорати онҳо қарор доранд. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба гуфти масъулини Агентӣ, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об тақрибан ба 61 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба таври ихтиёрӣ дар минтақаи муайян, бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории дастҷамъонаи шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ, таъмини оби полезӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии онҳо таъсис дода шудааст.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ин беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ мебошад.

Дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2024 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоваразӣ ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 1 июли соли равон, ба мабалағи 3,5 миллион сомонӣ ҳолати мелиоративии 3788 гектар заминҳо беҳтар гардонидан шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

АСК: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад