Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи косметологҳо таъсис дода мешавад

Июль 3, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 1 июл зимни баргузории ҷаласаи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре дар Вазорати тандурустии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи корӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббии марказҳои хусусии косметологии мамлакат иброз намуд, ки кормандони ин марказҳо бояд аз машғулиятҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ гузашта, бо сертификати косметологӣ таъмин бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 17 маркази косметологӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 11 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор дорад.

Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон таъсис дода шуда , мушкилоти вобаста ба ин самт дар нишастҳои ин ассотсиатсия баррасӣ гарданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, риояи ҳатмии қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд