Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ баррасӣ гардид

Июль 19, 2024 13:47

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон, беҳтар намудани сифати таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ), муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласаи корӣ 18 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд. Гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ҷумҳурии мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд. Гепатитҳои «В» ва «С» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.

Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад. Паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд. Ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд. Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта, вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гепатити шадид бисёр вақт бо нишонаҳои зерин сар мешавад: камқувватӣ, мондашавӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, зардшавии склераи чашму пӯст, ранги зарди баланди пешоб ва берангшавии ахлот.Аммо, гепатити музмин аксаран бе зуҳуроти клиникавӣ ҷараён меёбад ва танҳо ташхиси озмоишгоҳӣ онро ошкор менамояд.

Одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад. Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2024 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад