ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ. Дар фасли тобистон зарфҳои нигаҳдории гази моеъро дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ гузоред

Июль 2, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Риоя накардани  қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ, хусусан  дар фасли тобистон, ки ҳарорати ҳаво  баланд мешавад, хатар дорад. Аз ин рӯ баллони газро (зарфи нагаҳодории гази моеъ) дар ҷойи танг, дар таҳхона ё нури сӯзони офтоб нигоҳ надоред. Онро дар  ҷойе гузоред, ки ҳаводаро дошта бошад ва дар ҳолати ягон ҳодиса рух додан, газ роҳи баромад ба берунро ёбад. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки он аз назди ҳар гуна асбобҳои барқӣ дур бошад. Инчунин зарфи нигоҳдории гази моеъ бояд ҳамеша дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ бошад. Чунин тавсия медиҳад Кумитати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии мамлакат.

Шояд дар ҷумҳурӣ кам бошанд хонаводаҳое, ки аз зарфҳои нигаҳдории газ истифода накунанд. Ҳатто дар хонаҳои истиқоматии баландошёна ҳам аксарият дар рӯзгор аз баллонҳои газ истифода мебаранд, чун назар ба барқ арзонтар ва шуълаи муносибе барои пухтупаз дорад. Аммо нигаҳдории зарфи газ қоидаҳои хоси худро дорад, ки риояи он таъмини бехатарӣ мешавад.

Ҳама намуди газҳои табиӣ барои инсон манбаъҳои хатар ба ҳисоб мераванд. Аммо бештар гази метан ва гази моеъ, ки дар рӯзгор аз он бештар истифода мешавад, хатар дорад. Ин газҳо дар ҳоли ихроҷ шудан одамро нафастанг мекунанд, заҳролуд менамоянд ва ба зудӣ метарканд. Аз ин рӯ,  ҳатман қоидаҳои муносибат бо онҳоро бояд донист.

Вақте дар хона бӯи газро ҳис мекунед, дар навбати аввал  ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш намоед. Ҳама утоқҳои хонаро аз назар гузаронида, ҳама тирезаҳоро боз кунед. Баъдан фавран аз хона берун бароед,  то рафтани бӯйи он ворид нашавед. Агар пай бурдед, ки касе аз атрофиёнатон аз газ заҳролуд шудааст, фавран ӯро ба ҳавои тоза баред, тавре хобонед, ки сараш боло бошад ва дарҳол мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед.

Сигор дуд накунед, гӯгирд назанед, зеро ҳар гуна шуъла ҳатто агар хурд ҳам бошад, хатари азим дошта метавонад.

Зарфҳои нигаҳдории газеро, ки истифода намебаред берун аз хона нигоҳ доред.

Ҳангоми тайёр кардани хӯрок назорат кунед, ки оби ҷӯш ё равғани доғ ба оташ нарасад.

Вақте пухтупазро ба охир мерасонед, бодиққат бошед. Ҳамеша мили онро маҳкам кунед ва тозаву озода нигаҳ доред.

Онро ҳамеша тоза нигоҳ доред. Агар дидед, ки равған рехтааст ё чизи дигар, баъди анҷоми кор оҳиставу боназокат онро пок кунед.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 2, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд