ГАРМИИ АЗ МЕЪЁР БАЛАНД. Дар мубориза бо он кадом тадбирҳои муассирро бояд андешид?
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати ҳаво то охири моҳи июл дар мамлакат аз меъёри иқлимӣ 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди вилояти Хатлон 40+45 дараҷа гарм, Душанбе 40+42, Дарвоз 38+40, дар водиҳо 32+37 ва дар баландкӯҳҳо 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Танҳо шуруъ аз даҳаи дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ тадриҷан паст мефарояд. Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.
Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш ва дигар рӯдхонаҳои Тоҷикистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.
Гармии аз меъёр баланд дар Тоҷикистон соли 1944 мушоҳида шуда буд
Намояндаи масъули Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳарорати ҳавои моҳи июли имсола ба ҳавои моҳи июли соли 2023 шабоҳат дорад. Соли 2023 моҳи июл аз 8 то 12 рӯз гармии аз меъёр зиёд мушоҳида гардида буд, ки онро «депрессияи табиӣ» меноманд. Имсол чунин раванд ҳоло панҷ рӯз ба қайд гирифта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки гармии аз меъёр баланд дар Тоҷикистон соли 1944 мушоҳида гардида буд, ки он вақт ҳарорати ҳаво дар Шаҳритус ба 48 дараҷа расида буд.
Антониу Гутерриш даъват намуд, ки барои мубориза бо гармои шадиди аз 50 дараҷа боло тадбирҳои муассир андешанд
Бояд гуфт, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ Антониу Гутерриш 25 июл аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуд, ки барои мубориза бо гармои шадид, ки аз 50 дараҷа боло меравад, ҳарчӣ зудтар тадбирҳои муассир андешанд. Антониу Гутерриш афзуд, ки «дар рӯйи Замин ҳарорат беш аз пеш баланд мешавад, ки ин хатар дорад. Миллиардҳо нафар бо «эпидемия»-и гармои шадид рӯ ба рӯ ҳастанд — онҳо аз мавҷҳои гармои марговар мефавтанд, зеро ҳарорати ҷаҳон аз 50 дараҷа боло меравад».
Доир ба таъсири ҳарорати шадид сухан намуда, Гутерриш иброз дошт, ки мавҷи гармои марговаре, ки дар Сахел ба амал омад, боиси якбора афзоиш ёфтани шумораи беморон дар беморхонаҳо ва фавт гардид, инчунин дараҷаи баланди гармӣ рекордшикан шуд. Дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво 1300 зоир дар маросими ҳаҷи соли 2024 фавтид, маконҳои сайёҳӣ дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ва мактабҳо дар саросари Осиё ва Африқо барои бештар аз 80 миллион кӯдак баста шуданд. «Гармои шадид ҳарчӣ бештар ба иқтисодиёт зарар мерасонад, нобаробариро бештар месозад, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод карда, одамонро нобуд месозад», — гуфт ӯ.
Аз гармои шадид дар як сол қариб ним миллион нафар мефавтад
Ба гуфтаи роҳбари Созмони Милали Муттаҳид, аз гармо тибқи баҳодиҳиҳо, дар як сол қариб ним миллион нафар мефавтад, ки ин нисбат ба сиклонҳои тропикӣ 30 маротиба бештар аст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла ҳукуматҳо, инчунин бахши хусусӣ, шаҳрҳо ва минтақаҳо даъват намуд, ки бедор шаванд ва тадбирҳои амалӣ андешанд. Ӯ изҳор намуд, ки «тамоми давлатҳо бояд дар заминаи ҳадафҳои миллии худ саҳми маблағи муайян ё нақшаҳои миллии амал оид ба иқлимро гузоранд, ки ин афзоиши ҳарорати ҷаҳониро то 1,5 дараҷа кам мекунад». Агентии байналмилалии энергетикӣ иттилоъ додааст, ки афзоиши истифода аз сӯхти истихроҷшуда ва бунёди неругоҳҳои нави ангиштӣ ба ин маҳдудият ҷавобгӯ нест. Антониу Гутерриш аз мамлакатҳо даъват намуд, ки аз сӯзишвории истихроҷшуда даст кашанд. «Онҳо мебояд лоиҳаҳои нави ангиштиро манъ намоянд», — таъкид намуд ӯ.
Тақвияти ҳамкории давлатҳои ҷаҳон дар оид ба коҳиши партови газҳои гулхонаӣ яке аз роҳҳои ҷилавгирии гармои шадид аст
Ба андешаи Ҷамила Байдуллоева, роҳҳои ҷилавгирӣ аз гармои шадид, пеш аз ҳама, ҳамкории густурдаи давлатҳои ҷаҳон дар самти коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир дар саноат, кам кардани шумораи автомобилҳо (30 соли охир шумораашон беш аз пеш афзудааст), рушди иқтисоди «сабз» ва рӯ овардан ба он, зиёд намудани майдони ҷангалзор, шинонидани буттаю дарахтон ва дигар тадбирҳои муассири экологӣ мебошанд.
Ҳарорати баланд сабаби обшавии босуръати пиряхҳо мегардад
Дар доираи ташаббусҳои глобалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таклифҳои муҳиму саривақтӣ пешниҳод гардидаанд. Дар иртибот ба ин Президенти мамлакат соли 2015 зимни суханронӣ дар Саммити Париж таъкид намуда буданд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо мамлакати мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд». Раванди тағйирёбии иқлим боиси баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар кураи Замин, обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Дар 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки имконоти Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидори саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи мамлакат дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад».
Қатъномаи Париж уҳдадор мекунад, ки барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии ҳаво тадбир андешанд
Бо сабаби тағйирёбии иқлим ҷаҳон имрӯз дар ҳолати ногувори экологӣ қарор дорад. Созмони Милали Муттаҳид дар ин асос соли 2015 Қатъномаи Парижро қабул кард, ки давлатҳои аъзоро уҳдадор мекунад доир ба кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии ҳаво тадбирҳо андешанд. Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷонибҳои фаъоли қатъномаи Париж Барномаи «Мамлакати сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намуд. Дар қатънома омадааст, ки тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст. Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад.
Дар доираи Барномаи «Мамлакати сабз» дар Тоҷикистон ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Мамлакати сабз» дар ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад. Барнома дар ду давра амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар давраи аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту бутта шинонда мешавад. Дар доираи барнома майдони бештари сабзкориро дарахтони мевадиҳанда — 420 гектар, хуч -370 гектар ва санавбар -325 гектар ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 5 намуди дигари дарахт дар назар дошта шудааст: сафедор, ақоқиёи сафед, павловний, сарвиноз ва саксаул, ки барои ҳар яки онҳо аз 200 то 275 гектар ҷудо мегардад. Дар чорчӯби барнома ду тарафи тамоми шоҳроҳҳои Тоҷикистон сабзазор карда мешавад.
Барномаи «Мамлакати сабз» на танҳо шинондани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани партовҳои гази карбон ва беҳтар намудани муҳити зист мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз