Лигаи Олӣ ва Лигаи якуми Тоҷикистон беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи июнро муайян намуданд

Июль 8, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингару мураббиро дар моҳи июн дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 маълум кард. Ҷоизадорони моҳи июн дар Лигаи якуми Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ҳар кадоме аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозингари дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Исломҷон Тошпулотов беҳтарин бозингари моҳ эътироф гардид. Мавсуф дар се аз чор бозии дастааш беҳтарин бозингари дидор муайян шуда, 4 гол ба ҳадаф расонидааст.

Сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Никола Лазаревич беҳтарин мураббии моҳ эътироф шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе зери роҳбарии ӯ, дар чор бозӣ 12 имтиёз ба даст оварда, пешсафиро дар ҷадвал нигоҳ медорад. Қобили тазаккур аст, ки ҷоизадорони Лигаи олии Тоҷикистон аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин бо натиҷагирии моҳи июн Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббиро дар Лигаи якум-2024 муайян намуд.

Ҳамин тавр, ҳамлавари дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон Шоҳин Боев, ки дар панҷ бозии дастааш дар моҳи июн 4 маротиба беҳтарин бозингари майдон эътироф шудааст ва 8 гол ба нишон расонидааст, беҳтарин бозингари моҳ дониста мешавад.

Инчунин ӯ феълан беҳтарин нишонзани мусобиқа бо 10 гол аст.

Беҳтарин мураббии моҳ — сармураббии дастаи футболи «Саразм»-и шаҳри Панҷакент Раҳматулло Фузайлов мегардад. Зери роҳбарии номбурда, даста аз шаҳри Панҷакент дар панҷ бозӣ чор ғалаба ба даст оварда, як бозии дигарашро мусовӣ анҷом дод.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 8, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид