MADE IN TAJIKISTAN. Беш аз 50 корхона дар «Иннопром 2024» иқтидор ва дастовардҳои саноатии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастовард ва иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024», ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ифтитоҳ ёфт, муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024» яке аз бузургтарин ва муҳимтарин майдони ҷаҳонӣ барои намоиши дастовардҳои саноатӣ ва барқарор кардани робитаҳои корӣ мебошад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар намоишгоҳ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави мамлакат Шералӣ Кабир роҳбарӣ намуданд.
Дар Павилони миллии саноатии Тоҷикистон дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар павилион маҳсулот ва технологияҳое ба намоиш гузошта шудааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар он дастовардҳои саноати ватанӣ намоиш дода мешаванд, инчунин сармояи хориҷӣ низ ҷалб мегардад, ҷузъи муҳими аҳдофи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – индустрикунонии босуръати мамлакат мебошад, ки дар доираи татбиқи барномаҳо то соли 2025 2 баробар афзоиш додани истеҳсоли саноатро пешбинӣ намудааст.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024» дар Маркази намоишгоҳи Екатеринбург то 11 июл идома меёбад.
АКС: Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд






