НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳамкории байналмилалии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 053 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 20 845 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иттилоъ дод.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 339 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 58 млн 177 ҳазор сомонӣ, 611 ҳазору 797 доллари ИМА, 50 ҳазор евро ва 178 млн 162 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон таъмин гардидааст. Ба манфиати давлат 11 087 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, маблағи 20 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 616 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 380 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 32 миллиону 592 ҳазор сомонӣ, 606 ҳазор доллари ИМА, 178 миллиону 162 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон ва 50 ҳазор евро рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 6 миллиону 993 ҳазор сомонӣ ва 538 ҳазор доллари ИМА зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони воқеӣ 121 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 4 миллиону 313 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор доллар ситонида шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён нисбат ба 128 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. Нисбат ба 418 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон гардида, барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол шудаанд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро бо Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия, Ташкилоти давлатии Тазироти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Хадамоти иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Арманистон ва барномаи минтақавии «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар доираи ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида амалӣ менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






