НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бақайдгирии маъракаҳо минбаъд ба таври онлайн мегузарад
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои гузаштан ба ҳукумати электронӣ бақайдгирии маъракаҳоро ба таври онлайн ба роҳ мондааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ин ниҳод Сулаймон Давлатзода дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Раиси Кумита иброз дошт, ки ин лоиҳа дар айни замон пилотӣ буда, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи онро дар бар мегирад.
«Дар доираи амалишавии ин таҷриба рафтуои мардум камтар мешавад. Минбаъд шаҳрвандоне, ки маърака доранд, бе муроҷиат ба бахши танзим имкон доранд ба сомона дохил шуда, ба таври онлайн маъракаашонро сабт намоянд. Мо дар оянда нақша дорем ин таҷрибаро дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ намоем»,-афзуд раиси кумита.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 40661 маърака доир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3176 маърака камтар мебошад.
Ҳамзамон дар шаш моҳи аввали имсол дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481, Кодекси ҳуқукқайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ ва вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъйин гардид.
Мутобиқи маълумот, маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъйингардида 6 миллиону 156 ҳазору 473 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3 миллиону 156 ҳазору 799 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






