НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Норасоии табибон дар сохтори тандурустии шаҳри Роғун яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад

Июль 30, 2024 18:00

РОҒУН, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Роғун дар баробари хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳр инчунин ба кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ сари вақт хизмати тиббӣ мерасонанд. Вале норасоии табибон дар беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳри Роғун яке аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст.

Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Роғун Идибег Олимзода зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд вобаста ба ин мушкилии соҳаи тандурустии шаҳри Роғун изҳор дошт, ки дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва Кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Роғун 47 табиб, 343 ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон норасоии табибони саратоншинос, реаниматолог, ренгенолог, табиби оилавӣ, табиби кӯдакона, табиби ғадудшинос, табиби бемориҳои пӯст, нарколог, неонтолог ба назар мерасад.

Муовини Раиси шаҳри Роғун оид ба соҳаи идеология Баҳром Шарафзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки аз 110 банд иборат мебошад. То имрӯз 39 банди ин нақша амалӣ шудааст. Иншооте, ки бахшида ба ин ҷашни фархунда сохта мешаванд, аз муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, бунёди гулгаштҳо, таъмиру барқарорсозӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ, равшаннамоии маҳаллаҳо, коргоҳи дӯзандагӣ, марказҳои сайёҳӣ, дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ иборат мебошанд. Мардуми шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо соҳибкорон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ дар созандагию бунёдкории диёри хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз тарафи соҳибкорон ва саҳми маҳал 9 иншоот, аз қабили тӯйхона ва чойхона дар деҳаи Ҷавонӣ, нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Қади Об, гӯшаи деҳқон дар кӯчаи Норакиён, гӯшаи деҳқон дар кӯчаи Сохтмончиён, чойхона ва тӯйхона дар деҳаи Шайдон, нуқтаи таъмир ва фурӯши нақлиёт дар маркази шаҳр, корхонаи истеҳсоли деворҳои замонавӣ дар деҳаи Қалъаи Нав, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ барои 130 хоҷагӣ ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Сайидон ба истифода дода шуд.

«Ҳамчунин аз ҳисоби сармояи хориҷӣ биноҳои ёрирасон дар деҳаи Майдони Нав, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ барои 110 хоҷагӣ, чоҳи амудӣ дар деҳаи Қади Об ба маблағи 476,8 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бинои маъмурии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар кӯчаи Ҷавонон ва бинои Раёсати корҳои сементатсионии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”,-гуфт Баҳром Шарафзода.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд