Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, ба масъалаи захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила эътибори аввалиндараҷа диҳем»
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Чунин дастур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон.
Сарвари давлат дар паёми мазкур таъкид намуданд, ки «баҳору тобистони соли равон барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд. Зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад».
«Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд»,-иброз доштанд Пешвои миллат.
Бо назардошти вазъи имрӯз, Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки «дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






