САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода

Июль 8, 2024 11:09

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки аксар давлатҳои дар самти сайёҳӣ муваффақ, тавонистаанд ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи муаррифии таъриху фарҳанг комёб гарданд. Дарвоқеъ, соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисод маҳсуб ёфта, ба туфайли рушди он метавон ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои берунӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисоди ҷумҳуриро таъмин намуд. Чунин омадаст дар пешгуфтори мақолаи ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода, ки он манзури хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» мегардад:

— Рушди сайёҳиро бе бунёди шароити муносиб ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, бахусус тавассути таъмини рушди инфрасохтори фароғат ва сайёҳӣ наметавон тасаввур намуд.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.

Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, соли 1992 масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 бар души Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ «Тоҷиктуризм» ва аз соли 1997 ба зиммаи Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ «Сайёҳ» вогузор гардида буд.

Солҳои минбаъда барномаҳои рушди минтақаҳои сайёҳӣ, ба монанди «Барномаи тадбирҳои афзалиятнок оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998», «Барномаи рушди минтақаи Варзоб соли 1999 ва 2000-2010», «Барномаи рушди дараи Ромит соли 2000», «Барномаи комплексии рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2002-2012 ҳамчун минтақаи сайёҳии байналмилалӣ», инчунин як қатор барномаҳои рушди минтақаҳои алоҳида ва мамнуъгоҳҳо қабул ва иҷро гардиданд ва имрӯзҳо ба василаи татбиқи онҳо шоҳиди рушди устувори соҳаи сайёҳӣ гардида истодаем.

Соли 2006 танзими соҳаи сайёҳӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вогузор гардида, соли 2017 ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар баробари ин, бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ як қатор стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд, ки дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат заминаи мусоид гузошта истодаанд.

Пешвои маорифпарвари мо ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ризоияти худро ҷиҳати табдили Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доданд.

Ҳамин тавр, бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, ба Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» табдили ном кард.

Омӯзгорону кормандонии донишгоҳ аз чунин ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат рӯҳу илҳом гирифта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси риштаи сайёҳӣ, инчунин дар чорабиниҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ иштирок намуда, бо ин васила дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ ҳиссаи арзишманд гузошта истодаанд.

Сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳайси соҳаи афзалиятноки рушди иқтисод шинохта шуда, ҳамчун раванди мураккаб ҷавҳари асосии онро илм, фарҳанг, таҳсилот ташкил медиҳад. Даромад аз соҳаи сайёҳӣ дар бархе аз давлатҳо муайянкунандаи асосии иқтисодиёт маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, соли 2023 ба сайёҳии байналмилалӣ 1,3 миллиард нафар сафарбар гардида, даромад аз он дар ҷаҳон ба 1,4 триллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки 95 фоизи соли 2019-ро ташкил медиҳад, яъне ба давраи пешазбуҳронии COVID-2019 қариб баробар гардид.

Мутобиқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 дар ҷаҳон 319 миллион ҷойи нави корӣ ташкил гардида, 8,8 триллион доллари амрикоӣ ба маблағгузории инфрасохтори сайёҳӣ равона гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда истодаанд ва дар боло иброз намудем, боиси ташкили ҷойҳои корӣ гардида, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат заминаҳои мусоидро фароҳам оварда истодаанд.

Мутобиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UN WTO), даромади баландтарин аз сайёҳии байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон соли 2023 дар Аврупо ба 660 миллиард доллар расид, ки ин нисбат ба соли 2019 дар ифодаи воқеӣ 7 фоиз зиёд аст ва дар Шарқи Наздик даромади мазкур 33 фоиз афзуд. Тибқи арзёбии мазкур Амрико дар соли 2023 –ум 96 фоизи даромадашро аз зуҳуроти пандемияро дар бахши мазкур барқарор намуд.

Дар ин давра, як қатор мамлакатҳои дунё, ки аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ, ҳиссаи ММД-и худро зиёда аз 50 фоиз рушд додаанд (Вирҷинияи Исландия (90%), Аруба (87%), Малдиви (75%), Антигуа ва Барбуда (50%) аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди соҳаи мазкур боиси пешрафти иқтисодии ин давлатҳо маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти муҳиммияти рушди соҳаи сайёҳӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, бо мақсади рушди устувори соҳа ва ворид шудани соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2007 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз пазируфта шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои кории холӣ нигаронида шудаанд.

Бояд иброз намуд, ки воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 нисбат ба соли 2010-ум 840 ҳазор нафар ва ё худ 6,3 маротиба зиёд гардидааст.

Бо шарофати тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, теъдоди сайёҳон ба ҷумҳурӣ зиёд мегарданд. Дар се моҳи якуми соли 2024 шумораи сайёҳон ба 265,1 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 71046,8 ҳазор нафар ё 26,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумот, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 127 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон, Узбекистон – бо 205,1 ҳазор нафар (ё 77,4 фоиз зиёд), Русия – бо 31,9 ҳазор нафар (ё 12,0 фоиз зиёд), Қазоқистон – 7,1 ҳазор нафар (ё 2,7 фоиз зиёд), Чин – 2,8 ҳазор нафар (ё 1,1 фоиз зиёд) ва Туркия 2,5 ҳазор нафар (ё 0,9 фоиз зиёд) шомил гардиданд.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаро идома дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, инчунин бунёди инфрасохтори таҳсилотӣ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат бо роҳи ташкили касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Бо чунин ҳадафҳои созанда дар натиҷаи меҳнати софдилона, азми қавӣ ва муттаҳидии мардум шарафёб гардидан мумкин аст.

Моро зарур аст, ки ба хотири садоқат ба заҳматҳои Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба сулҳу субот, оромии вазъи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мамлакат талош намоем, ки чунин заҳматҳо ва ташаббусҳои созандаро дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо дарки ҳисси баланди ватандӯстӣ қадр намуда, барои шукуфоӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бештар аз пештар талош намоем.

Убайдулло АСРОРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2024 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?