Си Ҷинпин дар бораи равобити Чин ва Тоҷикистон: «Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем»
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем. Дар давраи пандемияи «COVID-19» мо паҳлӯи ҳам истода, ба вируси даҳшатнок муқовимат намудем ва якҷо ин мушкилиро паси сар кардем. Пешниҳоди тарафайни молҳои зиддиэпидемӣ, ба Тоҷикистон омадани гурӯҳи табибон ва мутахассисони Чин барои расонидани кумак дар мубориза бо пандемия, имконият доданд, ки пеши роҳи коронавирус гирифта шавад», — чунин иброз доштааст дар мақолаи худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.
Ӯ тазаккур дод, ки ба шарофати гуфтугӯи фаврӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада кори мунтазами гузаргоҳи Қаросу-Кулма таъмин гардид ва чун шоҳраги пайвасткунандаи Чин ва Тоҷикистон дар шароити пандемия якзайл фаъол буд.
«Мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем, ташаббусҳои якдигарро фаъолона дастгирӣ мекунем, низоми марказии байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид ва тартиботи ҷаҳонии ба ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро дар асоси талаботи Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид қатъиян дастгирӣ менамоем», — изҳор намуд Си Ҷинпин.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






